Маълумоти умумӣ

Маҷаллаи илмӣ-тиббии Авруосиё “Сино” соли 2019 таъсис ёфтааст. Муассиси маҷалла Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.

Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, Шаҳодатномаи бақайдгирии ВАО-и омма бо рақами 103/МЧ-97 аз 27 марти соли 2019, бо рақами 223/МЖ-97 аз 10 декабри соли 2021 аз нав нашр шудааст.

Маҷалла дорои рақами беназири байналмилалӣ мебошад, ки барои матбуоти даврӣ истифода мешавад – рақами силсилавии стандартии байналмилалӣ.

ISSN: 2707-5265

Маҷалла ҳар се моҳ, чор шумора дар як сол нашр мешавад.

Вебсайти маҷалла: www. eurasian-journal-sino.tj

Почтаи электронӣ: sino-journal@mail.ru

Маҷалла ба махзани Китобхонаи илмии электронии Федератсияи Россия (НЭБ, eLIBRARY.RU), Шохиси (индекси) иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ), Science Index ва КиберЛенинка дохил карда шудааст.

Маҷаллаи илмӣ-тиббии Авруосиё “Сино” ба  Феҳристи  маҷаллаҳои  (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки дар он натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳо барои гирифтани дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо бояд интишор карда шаванд.

Ҳадафи маҷаллаи илмӣ:

– мубодилаи таҷриба ва андешаҳо байни муҳаққиқон аз кишварҳои гуногуни АвруОсиё ва дигар минтақаҳои ҷаҳон;

– беҳтар кардани сифати маводи нашршуда, таъмини мутобиқати онҳо бо стандартҳои муосири тибби собитшуда ва дастрасии бештар дар саросари ҷаҳон;

– нашри мушоҳидаҳои беназири клиникӣ, ки барои беҳтар кардани донишҳои клиникии табибони амалкунанда пешбинӣ шудаанд.